Номаи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Чин
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар робита ба таркише дар корхонаи саноатии шаҳри Куншан ба Си Ҷинпин -- раҳбари Чин номаи тасаллият фиристодааст. Оқои Раҳмон дар ин номаи худ гуфтааст, аз марги даҳҳо нафар ва осеб дидани садҳо каси дигар дар ин таркиш дар музофоти Сзянсу, ки дар қисмати шарқии Чин воқеъ аст, сахт андӯҳгин мебошад.
“Ҷаноби Олӣ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, аз номи мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон тасаллияти самимона ва ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтани ҳамаи зарардидагонро расонед”,-навиштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Чин дар ҳоли ҳозир дар баробари Русия яке аз сармоягузорони аслӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аст. Ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, ки бештар бо номи “аждаҳои сурх” маъруф аст, дар чанд соли охир нақби Шаҳристонро сохта, хатти баландшиддати барқи Ҷануб-Шимолро кашидааст. Инчунин, Чин бо сармояи худ роҳи Душанбе-Чаноқро мумфарш намуд, ки ҳоло ширкати Инноватив Роуд Солюшнз ба ҳайси молики он бо шаш тарозуи худ машғули ҷамъоварии маблағ мебошад.