Боздошти ду мансабдори дигари Вазорати тандурустӣ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти ду мансабдори дигари Вазорати тандурустии кишвар хабар дод, ки дар сӯиистифода аз мақом ва гирифтани "пора" муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод Қиёмиддин Хоҷаев, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии Тоҷикистон аз шаҳрванд - Камбарова барои барқарор кардани писараш - Ҷумъабек Саидов ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ва баъдан интиқоли ӯ ба Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе 1 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ҳамчун ришва гирифтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар пайи шикояти Камбарова ба ин ниҳод ва гузаронидани амалиёти тафтишӣ- оперативӣ Хоҷаев ҳангоми гирифтани ин маблағ дар назди беморхонаи марказии “Қарияи боло”-и шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
Инчунин рӯзи 30 июли соли ҷорӣ Абдуғафур Ҳасанов - сардухтури Маркази равонпизишкии вилояти Суғд аз сӯи кормандони Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар низ ба иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шудааст. Манбаъ мегӯяд, Ҳасанов бо истифода аз мақом барои ироаи хулоса дар хусуси муайян намудани ҳолати руҳии писари Рустамова Б., ки алайҳи ӯ бар асоси моддаи 110 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, 1000 доллари амрикоӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани 600 доллар аз сӯи кормандони оҷонсӣ дар маҳалли кораш боздошт гардид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳоло алайҳи Қиёмиддин Хоҷаев тибқи моддаи 247 қисми 4 банди “б” ва алайҳи Абдуғафур Ҳасанов бо моддаи 32 қисми 3 – 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодааст, ки тафтишоти он идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ин ниҳоди мубориза бо фасоди молии кишвар аз боздошти Хуршед Файзалиев, мудири Шуъбаи экспертизаи физико – техникии Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ - судии Вазорати тандурустӣ ба иттиҳоми гирифтани “пора” хабар дода буд.
Боздошти шудани мансабдорони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба иттиҳоми гирифтани ришва замоне сурат мегирад, ки Оҷонсии мубориза бо коррупсия аз афзоиши фасодкорӣ дар ин соҳа иттилоия нашр намуда буд. Ин ниҳод гуфт, агар дар тӯли соли гузашта аз ҷониби кормандони Вазорати тандурустӣ 38 ҷинояти коррупсионӣ содир шуда буд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ин рақам ба 41 расидааст. Масъулини оҷонсӣ мегӯянд, дар Вазорати тандурустӣ кор ба ҷое расидааст, ки худи кормандони вазорат дар бораи ҳаракатҳои коррупсионии роҳбарони бевоситаашон ба онҳо муроҷиат мекунанд.