Нашри хотираҳои нависандаи рус дар бораи Тоҷикистон
Китоби нави Сергей Амосов, нависандаи рус, бо номи “СТУПЕНИ” аз чоп баромадааст. Муаллиф дар ин китобаш ёддоштҳои худ дар бораи бархе аз шахсиятҳо, аз ҷумла ҳодисаҳоеро, ки ҳангоми зиндагияш дар Тоҷикистон гузаштаанд, нақл кардааст.
Рӯнамоии китоби “СТУПЕНИ” рӯзи 31 июли соли ҷорӣ дар тарабхонаи “Хайём”-и шаҳри Маскав баргузор шуда, дар он Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия иштирок ва аз хидматҳои ин нависандаи рус барои рушду пешрафти кишвар қадрдонӣ кардааст. “Барои рушду пешрафти кишвари мо намояндагони аксари миллату давлатҳо хидмати назаррас кардаанд, ки яке аз ин шахсиятҳо Сергей Амосов мебошад. Воқеан, дар китоби “Ступени” маънавиёти волои арзишҳои инсонӣ дарҷ гардидааст. Ин китоб ҳамчун як паёме барои насли оянда мебошад, ки дар бораи хушбахтии инсон, муҳаббат ба ватану атрофиён қиссаҳо дорад”,- афзудааст Сатторов.
Худи муаллиф низ дар рӯнамоии китобаш суханронӣ карда, таъкид намудааст, ки Тоҷикистон дар ҳаёти ӯ нақши муҳим бозида, дар ин сарзамини зебо лаҳзаҳои хуби умри худро сипарӣ ва бо беҳтарин дӯстҳояш ошно шудааст. “Маҳз аз остонаи ин ватани кӯҳсор фаъолияти пурсамари касбии худро оғоз карда, соҳиби иззату ҳурмат ва шӯҳрат шудаам”,-гуфтааст ӯ.
Амосов то солҳои 1991 дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кор кардааст. Фаъолияти кории худро аз вакили дифоъ дар Тоҷикистон оғоз карда, то ба сатҳи муовини вазири адлия расидааст. Соли 1991 ба шаҳри Иркутски Русия баргашта, ҳоло ҳамчун муовини раиси Додгоҳи арбитражи олии Русия кор мекунад.