Шӯҳрат Қудратов дар додгоҳ: “Агар қасди фирор медоштам...” (ВИДЕО)
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ ва муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳангоми баромадаш дар Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, ҳаргиз қасди фирор аз кишварро надошт ва надорад. Оқои Қудратов ба ин маънӣ аз додрас хост, ӯро аз ҳабси пешакӣ озод намояд.
Ин мурофиа дар пайи шикояти вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов рӯзи 1 август дар Додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ӯ гуфт, соҳиби се фарзанди кӯчак ва волидони бознишаста аст, ки ба парасторӣ ва кумакаш сахт эҳтиёҷ доранд. “Агар нияти гурехтан медоштам, як сол пеш, баъд аз СМС-ҳои таҳдидомез фирор мекардам”,-афзуд Шӯҳрат Қудратов.
Ин вакили боздоштшудаи тоҷик дар идома аз вуҷуди баъзе камбудҳо дар “дело”-и худ низ шикоят кард. Бо ин ҳол, Додгоҳи шаҳри Душанбе бо судури як қарор ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққат мондани Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи тоҷикро, тасдиқ кард. Ин қарор бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ -- Олимов баъд аз зуҳри 1 август эълон шуд ва, ба ин тартиб, қарори пешинаи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт бетағйир боқӣ монд.
Ҳафтаи гузашта Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарори ҳабси Шӯҳрат Қудратовро содир намуд, ки тибқи он Қудратов бояд давоми тафтишоти парвандааш дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ шавад.
Айбдоркунандаи давлатӣ дар баромади худ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, парвандаи Қудратов бо масъалаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ва ҳамкори боздоштшудаи ӯ -- Фахриддин Зокиров пайвандӣ надорад, балки қазияи комилан ҷудост. Шӯҳрат Қудратов рӯзи 10 июли соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони Оҷонси зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ба иттиҳоми пешниҳоди 2,5 ҳазор доллар “пора” ба яке аз додрасҳои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт гардид. Ҳоло бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ алайҳи ӯ парванда боз шуда, тафтиши қазияаш идома дорад.
Ин боздошти Қудратов дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ тайи бештар аз як соли охир аз ҳуқуқи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав дар додгоҳ ҳимоят мекард. Вай ҳамагӣ як ҳафта пеш аз боздошташ бо як номаи 21-саҳифаӣ ба парлумону ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои кишварҳои хорифӣ дар Тоҷикистон муроҷиат карда, парвандаҳои Зайд Саидовро беасос ва сиёсӣ хонда буд.
Ҳоло аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов Раҳматилло Зоиров – раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикӣ, инчунин, Исҳоқ Табаров, яке аз ҳамкорони ӯ ҳимоят мекунанд.