Ба даст афтодани писари Зафар Аюбӣ барои № ва шишаи сиёҳи "Тойота"-аш
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон Вафо Аюбӣ, писари сарояндаи тоҷик -- Зафар Аюбиро, ки бо номи “Зафарча” маъруф аст, барои рақамҳои тақаллубӣ ва шишаи сиёҳи мошинааш айбдор донистанд. Ин хабар аз сӯи маъмурони Бозрасии Давлатии Автомобилии ВКД тариқи Шабакаҳои давлатии телевизионҳои Тоҷикистон эълон гардид.
Дар гузорише, ки шаби 31 июл пахш гардид, дар қатори дигар вайронкунандагони қоидаи ҳаракат дар роҳ, Вафо Аюбӣ, ронандаи мошини “Тойота Кемрӣ” ҳам намоиш дода шуд, ки бо шишаҳои сиёҳи муҳлаташон гузашта ва рақами гӯиё ғайриқонунӣ ба даст афтодааст. Дар ин навор аз ҷумла гуфта шуд, “нозирони роҳ дар шаҳри Душанбе Аюбов Вафо Зафарович, ронандаи “Тойота Кемрӣ”, рақами давлатияш ВС 44 44 PT 01-ро боздошт намуданд, ки дар пушти мошинаш боз рақамҳои ғайриқонунии худсохтро насб кардааст. Ғайр аз ин муҳлати иҷозатномаи оинаи сиёҳшишаи мошинааш 10 рӯз пеш гузаштааст.”
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш низ тариқи телевизион боздошти Вафо Аюбӣ дар шаҳри Кӯлоб намоиш дода шуд, ки он вақт ҳуҷҷати ронандагӣ надоштааст. БДА мегӯяд, нисбат ба Вафо Аюбов санади ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ин ниҳод аз аввали сол дар шаҳри Душанбе 196 нафар бо оинаҳои сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 968 нафар бе рақамҳои давлатӣ, 151 нафар бо рақамҳои бегона, 1072 нафар дар ҳолати мастӣ, 1200 нафар барои итоат накардан ба талаботи кормандони пулис, беш аз 2000 нафар бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 254 нафар барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ ва зиёда аз 400 нафар барои иштирок дар ҳаракати гурӯҳӣ боздошт шудаанд.