Дар бозорҳои ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо деги «тоҷирони ҳаннот» мунтазам дар ҷӯш аст. Бизнесменҳои мо агар ҳазор ҷота дарронӣ ҳам, қиммати маводи хӯроквориро поин намефарорад, баръакс лаҳза ба лаҳза мебардоранду зам мекунад, мебардоранду зам мекунанд, гоҳо «то осмони 7-ум». Дар ин бора 10-ҳо, 100-ҳо, 1000-он маротиба навиштаву гуфтаву дар телевизион ҳам намоиш додаанд, аммо боз ҳам ҳамон «Аҳмади порина». Гуфтанду навиштанд, ки бо супориши ҳукумати шаҳри Душанбе нархи маводи ғизоӣ дар пойтахт ба ҳангоми иди Рамазон боло нахоҳад рафт. Гӯё гунаҳкорон (нархбардорон), ҳатман ҷазо мегиранд. Аммо боз ҳам матбуоти даврӣ менависад, ки нархҳо дар бозорҳо тағьир ёфт, вале…касе муҷозот нашуд. Пас, маълум мешавад, ки тоҷирони тоҷик аз амру супоришҳои давлатдорон парвое надоранд? Ё шояд, паси ин савдогарон пуштибонҳо аз ҳамин ҳукуматҳо қарор доранд, ки манфиатдоранд? Намедонам, вале дар ҳақиқат ин муаммост. Аз пойтахт «ибрат» гирифта, нархҳо дар бозору мағоза ва дӯконҳои шаҳру навоҳии дигар низ баланд меравад. На танҳо боло, ки «мепаранду мепаранд». Зеро савдогар, ё худ тоҷирони навоҳӣ баҳона меоранд, ки аз Душанбе маводро қиммат мехаранд. Дар рустоҳо бошад, нарх боз балантар мегардад. Мазмун, боз ҳам харидории мавод аз маркази ноҳия бо қиммати баланд.
Аммо, оё метавон нархро дар бозор таҳти назорат гирифт, ақаллан маҳсулоти маҳаллиро? Медонам, ки агар аз масъулин инро пурсон шавем, ҳатман як ҷавоб мегирем: Неъ. Аммо агар масъулин масъулияти вазифа дошта бошанду рисолаташонро ҳатман иҷро карданӣ бошанд, мешавад…
Мешудааст-ку!
Дар моҳи шарифи Рамазон раиси ноҳияи Ховалинг Қодир Валиев махсусан супориши қатъӣ додааст, ки қиммати маҳсулоти маҳаллӣ пурра зери назорат гирифта шуда, нархи он боло бардошта нашавад. Дар ин моҳ нархи гӯшт аз 22-сомонӣ баланд бардошта нашавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Қиммати гӯшт дар маркази ноҳия аз 20-22-сомонӣ боло нарафт. Маҳсулоти дигари кишоварзию ширӣ низ назар ба рӯзҳои пештар хеле поин фароварда шуд. Гузашта аз ин, қиммати гушт дар ҷамоату рустоҳо 18-20-сомониро ташкил медод.
Раиси ноҳия мегӯяд, дар Ховалинг манзили бузургворе бо номи мазори «Ҳазрати Султон» мавҷуд аст, ки зиёраткунандагони зиёд дорад. Дар моҳи рӯза, ки воқеан дар фасли гармо омад, зоирони ин мазор кам нагаштанд. Супориш додем ва низ
таҳти назорат гирифтем, то ин ҷо нархи гӯшт аз 18-сомонӣ баланд ба савдо наравад ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Валиев гуфт, нархи бозори гову молро ҳам тавонистаанд поин фароранд ва барои пешгирӣ аз ҷаллобони ин тиҷорат, ҳар нафари харидор танҳо 1-мол харидорӣ мекунаду бас. « Вагарна, гову моли ховалингиҳоро тоҷирони кӯлобиву душанбегӣ якто намонда, харида мебурданд. Нархи маҳсулоти ғизоиеро, ки аз берун меоранд, мутаассифона, натавонистем ба таври дилхоҳ поин фарорем. Ҳарчанд, ки назар ба бозорҳои дигар навоҳӣ дар Ховалинг нархи ин маҳсулот пасттар гашт, аммо боз ҳам қиммат буд. Танҳо равғани зағер тавонист, ки ҷойи равғани пахтаро иваз намояд ва савдогарон онро бо нархи нисбатан арзон савдо намуданд», мегӯяд раиси ноҳия.
Дар ҳамин ҳол, дар арафаи иди Фитр ҳам нарху навои маводи хӯрока, ба хусус гӯшт, дар Ховалинг тақрибан бе тағйир монд. Яъне то 22-сомонӣ барои 1-кг.
Аслиддин Достиев, Кӯлоб{jathumbnail off}