Додгоҳи олӣ ҳукми Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро ғайриқонунӣ донист (ВИДЕО)
Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев -- ду маҳбуси тоҷикро бекор карда, парвандаашонро барои баррасии дубора фиристодааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев, хабар дод. Ӯ афзуд, “Додгоҳи олӣ ба хулоса омадааст, ки ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ва қарори суди вилояти Суғд дар мавриди ин ду маҳбус ғайриқонунӣ буда, нисбат ба онҳо қонуни ҷиноӣ нодуруст татбиқ гардидааст.”
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18 октябри соли гузашта Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев, ду маҳбуси муттаҳам ба паҳни иттилои бардурӯғ дар бораи шиканҷаи зиндониёнро, мутаносибан ба 7 ва 9 соли зиндон маҳкум карда буд. Он замон Файзиннисо Воҳидова аз ин ҳукми додгоҳ норизоӣ карда, гуфта буд, ба зинаҳои болотар шикоят хоҳад бурд. Ба қавли ин вакили мудофеъ, “додрас барои ҷудо кардан мӯй аз хамир ягон заҳмат накашидааст. Қарорро аз рӯи хулосаи айбдоркунии мақомоти тафтишоти пешакӣ рӯйбардор кардааст."
Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев барои паҳн намудани тақрибан ҳафт навори видеоие, ки дар бораи шиканҷаи зиндониёни Хуҷанд нақл мекунад, айбдор шуданд. Ин ду нафар ҳамроҳи як гуруҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги мармузи Ҳамза Икромзода, як сокини ҷавони Ҳисор, дар зиндони рақами яки Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфтанд. Баъд аз ин навори видеоие дастраси расонаҳо шуд, ки дар он ин гуруҳи маҳбусон аз шиканҷа дар зиндонҳо шикоят кардаву захмҳои бадани худро намиш медиҳанд. Мақомот ин видеоро сохта дониста, Тошев ва Ризоевро барои паҳни гӯиё иттилои бардурӯғ дар бораи шиканҷаи зиндониён ба додгоҳ кашиданд.
ВИДЕОИ САДРИДДИН ТОШЕВ: