Ҳабси саҳмияҳои Зайд Саидов ва писаронаш дар НБО “Роғун”
Ҳудуди 2 миллион сомонӣ саҳмияҳои Зайд Саидов -- соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав дар ҷамъияти саҳомии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳабс шудааст. Қарори ҳабси ин саҳмияҳои Саидовро Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо пешниҳоди Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон рӯзи 3 июли соли ҷорӣ содир кардааст.
Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, инчунин, додгоҳ ба арзиши 35 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Хайрулло ва Хуршед – фарзандони Зайд Саидовро ҳам ҳабс кардааст. Ба қавли ин вакили дифоъ, саҳмияҳои Зайд Саидов ва ду писараш дар ҷамъияти саҳомии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар пайи баррасии парвандаҳои нав алайҳи ӯ баста шудаанд.
Табаров таъкид намуд, ин саҳмияҳо феълан танҳо ҳабс шудаанд, на мусодира: “Додгоҳ тақдири ин саҳмияҳоро ҳанӯз “ҳал” накардааст”.
Фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки аз тарҳҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон дониста мешавад, аввали соли 2010 бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда, баъдан ба як маъракаи миллӣ табдил ёфта буд. Ба қавли мақомот, дар ин маърака, маҷмуъ, ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ саҳмия ба фурӯш рафтааст.
Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон теъдоди саҳомони одии ҷамъияти саҳомии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ҳудуди 2 миллион гуфта буданд. Теъдоди соҳибони саҳмияҳои номӣ - саҳмдороне, ки бо маблағи зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидаанд, 22 ҳазор нафар дониста мешуд.