Қудс
Ҳар ҷумъаи охирини моҳи мубораки Рамазон огандаи атри ёди Фаластин аст. Ҳар мусалмони бедор ва ҳар инсони адолатдўсту озодихоҳ имрўзҳо барои таҳаққуқи ормони мардуми Фаластин дуо мекунад.
Бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон имом Хумайнӣ ибтикори зиёди созанда ва омўзанда барои ҷаҳони ислом ба мерос гузошта, ки яке аз онҳо ҳамин эъломи охирин рўзи ҷумъаи моҳи Рамазон ба унвони Рўзи Қудс аст. Яъне имом Хумайн аз ин тариқ таваҷҷўҳи ҳамаи мусалмононро ба ин фоҷеа дар як гўшаи ҷаҳони ислом ҷалб намуд. Охир фармудаи Қуръон аст, ки муъмин бародари муъмин аст ва бародарон бояд аз ҳоли ҳамдигар хабардор бошанду дар сурати зарурат ба ҳам кўмак кунанд…
Бо ин ҳол олами огандагўш ба дарки умқи ду фоҷиаи азим дар асри гузашта ҳанўз ё нарасида ё расидан намехоҳад. Ин ду фоҷиа; аз маркази фарҳангу тамаддун ба як шаҳраки музофотӣ табдил шудани Бухоро ва аз сўи сионистҳо ишғол гаштани сарзамини Фаластин аст. Агар ҳар кўчаву паскўча, ҳар як ваҷаб хоки фарҳангхези Бухоро дигар фақат мазори маънавӣ ва рамзии тоҷик шуд, пас аз ишғол чунин ба назар мерасад, ки ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Фаластин мазори фарзандони баномус ва озодихоҳаш гаштаву мегардад.
Сарнавишти Фаластин таи муддате беш аз ним аср фоҷиаи бузургеро мемонад. Ин фоҷиаро як гурўҳи кучак алайҳи як миллат роҳандозӣ карданд. Афсонае, ки чандин садсола гурўҳакҳои ифротиро руҳия мебахшид, инак чанд даҳсолаест, ки сурати амалӣ ба худ гирифтаву миллатеро дар мазлумияти тамом қарор додаст. Ҳатман аъмоли зишти сионистҳо дар китоби таърихи башар ба сифати ҷиноят бар зидди башарият сабт шуда ва барои ҳамешаи таърих ин доғи нанг бар пешонии онҳо боқӣ хоҳад монд. Ҳамон гуна, ки қаҳрамонии мардуми мазлуми Фаластин дар дифоъ аз ҳақи худ низ рўзе ба таври бояду шояд арҷгузорӣ хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки ҳоло Созмони милал ва ниҳодҳои дигари байналмилал дар камоли бетафовутӣ ва бетарафӣ фоҷиаеро, ки беш аз 60 сол аст ба сари мардуми мазлуми Фаластин омада, ба тамошо нишастаанд. Инҳо таҳти таъсири гурўҳҳои лоббии сионист қарор доранд. Ҳамаи иддаоҳояшон дар бораи озодиву ҳуқуқи башар дурўғин аст, ҳамаи арзишҳояшон пашизе арзиш надорад. Ҳақ бар ҷониби аллома Иқбол аст, ки ним аср пеш моҳияти ин созмонро дарк кардаву мазҳари макру фандаш хонда буд. Воқеан агар чунин нест, чи гуна мешавад як гурўҳе аз ҳар гўшаи ҷаҳон меояду сарзамини мардумеро азаш бигирад ва дар он ҷо давлату кишвари сохтаву маснуъӣ бунёд ва соҳибони аслии сарзаминро аз дастрасӣ ба маконҳои муқаддасаш манъ кунад.
Аз сўи дигар, Фаластин қурбонии беномусӣ ва беҳимматии як идда шайху афроде шикамбандаи араб аст. Онҳо дар бенангии тамом ормони миллати мазлуми Фаластинро, ки ҳамоно озодии сарзаминаш мебошад, дар нишасту иҷлоси пинҳону ошкор ба савдо гузоштанду мегузоранд.
Хеле ҷои таассуф дорад, ки ниҳодҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии исломӣ, назири Созмони конфронси исломӣ, иттиҳодияи кишварҳои арабӣ ва ғайра низ дар дифоъ аз ормони Фаластин аз худ ҷасорату ғайрат ба намоиш нагузоштаанд. Мавзеъгирии суст ва дар ағлаби мавқеъ бетарафии онҳо боиси ҳар чи бештар густох шудану ҷиноятҳояш алайҳи мардуми мазлуми Фаластинро бештар кардани режими сионистӣ гаштааст. Дар ин миён давлатҳову кишварҳое, ки аксари мардумаш мусалмон ҳастанд, низ дар қиболи қазияи Фаластин мавзеъгирии усулӣ надоштанду надоранд. Фаластин бо ғуссаҳову мушкили ишғол дар олами араб танҳост, аммо буданду ҳатман ҳастанд мусалмононе, ки ғамшарики бародарону хоҳарони мазлуми худ дар Фаластинанд ва рўзе ормони ин қиблаи нахусти мусалмонҳо ҳатман таҳаққуқ пайдо хоҳад кард.…
Зафари Суфӣ{jathumbnail off}