Суғд: Худкушии ду духтари ноболиғ дар як ҳафта
Мақомоти Суғд мегӯянд, тайи ҳафтаи равон дар қаламрави вилоят ду духтари ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд.
Тавре манбаи «Озодагон» дар мақомоти зидахли Суғд хабар дод, 29-уми июли соли равон дар ноҳияи Спитамен, толибаи синфи 5-ум худро ба дор овехтааст. Ҳамчунин, 30-уми июли соли равон дар ноҳияи Конибодом, толибаи дигари синфи 8-ум низ бо чунин тарз худро ба ҳалокат расонидааст. «Айни замон барои муайян кардани омилҳои асосии худкушӣ таҳқиқот идома дорад.»,- афзуд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти пулиси вилояти Суғд, тайи 6 моҳи аввали соли равон дар шимоли кишвар 140 ҳодисаи худкушӣ ва сўйиқасд ба он сабт шудааст, ки нисбат ҳамин давраи соли пешӣ 5 ҳолат камтар аст.
Шариф Назаров - сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, қаблан гуфт, аз 140 ҳодисаи худкушӣ, 29 ададаш сўйиқасд ба он мебошад. Ў афзуд, аз афроде, ки даст ба худкушӣ задаанд, 70 нафарро ҷинси мард, аз ҷумла, 8 нафар ноболиғ ва 70 тани дигарро ҷинси зан, аз ҷумла, 12 ноболиғ ташкил медиҳад.
Шариф Назаров дар шарҳи омилҳои худкушӣ дар вилояти Суғд илова кард, ки 56 нафарашон ба далели касалиҳои рўҳӣ, 23 тани дигар дар пайи муноқишаҳои оилавӣ, 30 нафар бо сабабҳои дигар ва 31 нафарашон бо сабабҳои номаълум худкушӣ кардаанд. «Аз ин миён тариқи худовезӣ 118 нафар, бо истифодаи яроқ ва корд 4, заҳролудшавӣ 4, худсўзӣ 2, ғарқшавӣ 3 ва 9 нафари дигар бо дигар усулҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд»,- изҳор дошт ў.
Дар таносуби ноҳия мақомот илова намуданд, ки теъдоди аз ҳама зиёди худкушӣ ё сўйиқасд ба он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-22 ҳолат сабт гардида, дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ягон ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст.
Зимнан, тибқи иттилои Раёсати тандурустии вилояти Суғд, таҳлилҳо нишон додаанд, ки аз 140 нафар шахсони даст ба худкушӣ зада, 56 нафар гирифтори бемориҳои рўҳӣ буда, танҳо 16 нафар таҳти назорати мутахассисони равонпизишкӣ дар ҷойи иқомат қарор доштаанд.