Маҳрум шудани Дадаҷонова, модари шаш фарзанд аз ҳаққи модарӣ
Инобат Дадаҷонова, як сокини шаҳри Душанбе ва модари 6 фарзанд, аз сӯи додгоҳи шаҳри Турсунзода 3 сол маҳкум ба зиндон шуда, ҳамчунин аз ҳуқуқи модарӣ ба се фарзандаш маҳрум шудааст. Дадаҷонова дар дуздӣ муҷрим шинохта шудааст. Додгоҳ гуфтааст, ӯ аз хонаи як сокини ноҳияи Турсунзода, 3597 сомонӣ, тилловорӣ ва “Айфон”-ро дуздидааст. Гуфта мешавад, Инобат Дадаҷонова дар гузашта ҳам чор бор ҷиноят карда, аммо бар асоси қонуни авф гуноҳояшро бахшида будаанд.