Ҳунармандони Испания дар номаи боз Исроилро маҳкум кардаанд
Коргардон Педро Алмодовар ва ҳунармандони маъруфи синамои Испания Хавер Бардем ва Пенелопа Крус бо нашри як номаи боз дар рӯзномаи Europa Press Исроилро барои бомбандозиҳо ба навори Ғаза маҳкум кардаанд. Онҳо ҳамчунин аз раҳбарони Иттиҳоди Аврупо даъват кардаанд, амали Исроиро маҳкум намоянд.
“Ин рӯзҳо Ғаза, ки аз чор тараф зери ҳамла аст, дар ҳоли бад аст. Хонаҳои фаластиниҳо хароб мешавад, аз об, барқ ва равуои озод ба беморхона, мактабу кӯча маҳруманд, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ хомӯш аст”,-навиштаанд онҳо. Муаллифони нома тақозо кардаанд, дар марз бо Ғаза нуқтаи дидбонӣ таъсис шуда, дастрасии мардум ба дору ва маводи ғизои осонтар гардад.
Аз ин пеш даҳо журналист, фаъолони ҷомеаву фарҳанг бо нашри мактуби боз дар рӯзномаи Guardianи Бритониё ҷанги Исроил дар Ғазаро шадидан маҳкум карда буданд. Онҳо ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳоро дар кӯмак ба Исроил муттаҳам намуданд.