Ҷилавгирӣ аз қочоқи телефонҳои мобилӣ аз Чин
Дар марзи муштараки Қазоқистону Чин аз қочоқи теъдоди зиёди телефонҳои мобилӣ ҷилавгирӣ шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар додааст.
“Дар маркази байналмилалии ҳамкориҳои байнимарзии “Хоргос” (вилояти Алмаато)-и марзи Қазоқистону Чин як шаҳрванди 30-солаи Қазоқистон боздошт шуд. Ин нафар қасд дошт берун аз назорати гумрукӣ ва марзбонӣ бори қочоқӣ ворид намояд”,-гуфтааст манбаъ.
Ҳангоми кофтуков аз ӯ 90 дона телефони ҳамроҳ ёфт шуд. Ҳоло аз рӯи ин далел санҷиш идома дорад.