Суолҳои соҳиби “Одноклассники” ва хомӯшии Бег Зуҳуров
Ширкати интернетии “Mail.Ru Group”, ки соҳиби “Одноклассники” мебошад, гуфт, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон суолу дархостҳояшонро дар бораи омилҳои баста шудани ин шабакаи иҷтимоӣ беҷавоб гузоштааст.
Наталия Богданович, масъули робита бо ҷомеаи Mail.Ru дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, нахустин муроҷиатҳоро дар бораи дастнорас шудани “Одноклассники” дар Тоҷикистон, рӯзи 18 июл гирифтаанд: “Феълан ин қазия бароямон муаммо аст. Қаблан аз мақомоти тоҷик эроду дархостеро нагирифтаем. Ниҳоди назораткунандаи соҳаи алоқа дар Тоҷикистон дархостҳои моро дар бораи шарҳи қазия сарфи назар кардааст.”
“Mail.Ru Group” таъкид мекунад, талош дорад, дар фурсати наздиктарин дастрасии тоҷикистониёнро ба “Одноклассники” таъмин намояд. Чун ба гуфтаи Наталия Богданович масдудияти “Одноклассники” нақзи манофеи ҳам корбарони муқаррарӣ ва ҳам ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет мебошад: “Ин ҳолат ҳамчунин баёнгари он аст, ки дар қонунгузории бархе аз кишварҳо нозукиҳои фаъолияти ширкатҳои интернетӣ ба назар гирифта нашудаанд ва як раванди шаффофи ҳалли нофаҳмиҳо дар соҳа вуҷуд надорад.”
Ин дар ҳолест, ки Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (OSCE) оид ба озодии ВАО дар робита ба баста шудани шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба шаҳрвандони кишвар дастрасии озод ба интернетро таъмин созад: “Тоҷикистонро лозим аст, аз чунин амалҳо ва маҳдудиятҳои беасос, ки шаҳрвандонро аз ҳуқуқи ҷустуҷӯ, дарёфт ва паҳн кардани маълумот маҳрум мекунад, даст бардорад”.
Аммо дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Бег Зуҳуров ба уҳда дорад, даст доштанашонро дар масдудияти “Одноклассники” рад мекунанд. “Одноклассники”, аз ҷумлаи маъруфтарин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст, ки теъдоди корбарони тоҷикитонияш беш аз 300 ҳазор нафар гуфта мешавад.