ВАО: Дар пойтахт ҳайкали президенти амалкунанда дуруст мешавад
Дар шаҳри Ашхобод ҳайкали Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури амалкунандаи Туркманистон гузошта мешавад. Дар ин бора “Хроника Туркменистана” хабар додааст.
“Исми сангтароше, ки аввалин ҳайкали президенти феълиро месозад, маълум шуд. Сарагт Бобоев ҳанӯз моҳи марти соли 2012 модули гаҷии ҳайкали Бердимуҳаммадови савори аспро дуруст карда буд. Акнун Бобоев корашро, ки аз сохтани ҳайкали 5 метраи дуюмин президенти Туркманистон иборат аст, анҷом медиҳад”, - менависад манбаъ.
25 июл, дар ҷаласаи кабинаи вазирони Туркманистон Рашид Мередов, вазири умури хориҷӣ аз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов хоҳиш намуд, барои гузоштани ҳайкали президент дар яке аз кӯчабоғҳои зебои пойтахт иҷозат бидиҳад. “Президент ин хоҳишро рад накард”, -илова кардааст “Хроника Туркменистана”.
Ба тахмини манбаъ, маросими пардабардорӣ аз рӯи ҳайкали президент моҳи сентябр сурат мегирад.