Теъдоди қурбониёни як рӯзи ахир дар Ғаза марзи 100 нафарро убур кардааст
Артиши Исроил давоми як шабонарӯзи ахир дар навори Ғаза беш аз 100 нафарро куштааст, ки миёнашон кӯдакон ҳам ҳастанд.
Як ҳадафи исроилиҳо мактаби СММ дар лагери гурезаҳои “Ҷабалийя” будааст. Ин ҷо сокиноне ба сар мебурдаанд, ки манзилҳояшон тахриб шудааст. Мушаки дигар ба як манзили истиқоматӣ афтида, аҳли як хонаводаро бо шумули навзод куштааст. Артиши Исроил ҳамчунин ягона неругоҳи барқӣ дар ин минтақаро, ки аҳолӣ, мактаб ва беморхонаҳоро бо барқ таъмин мекард, нобуд кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ҲАМОС пешниҳоди Миср дар бораи оташбас бо Исроилро рад кардааст. Ин созмон гуфта, то замони бекор нашудани муҳосираи навори Ғаза аз сӯи исроилиҳо нақшаи оташбасро қабул намекунанд.