Мусодираи як кило нос аз муҳоҷирони корӣ дар Русия
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Пенза аз мусофирони қатори самти Узбакистон-Русия як кило нос мусодира кардаанд. Ин миқдор нос аз чор шаҳрванди Узбакистон зимни як рейди муштараки кормандони минтақавии Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддир, Раёсати хадамоти федеролии мущоыират ва шӯъбаи корҳои дохилӣ гирифта шудааст. "Маводи мусодирашуда барои ташхис фиристода шуда, афроде ки онро бо худ доштаанд барои ташхиси тиббӣ барои муайян кардани далели истифодаи маводи нашъадор фиристода шудаанд",-хабар додааст дафтари матбуотии Раёсати Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадор дар вилояти Пенза. Дар қаламрави Русия гардиши озоди нос манъ аст.