Дидори Аслов бо Абдилдаев ва умедворӣ аз сӯҳбати Раҳмону Отамбоев
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 30 июл бо ҳамтои қирғизаш Эрлан Абдилдаев, ки дар Душанбе қарор дорад, гуфтугӯ анҷом дод. Абдилдаев барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ба Тоҷикистон омадааст.
Тафсилоти суҳбати Аслов ва ҳамтои қирғизи ӯ рӯи даст нест. Танҳо торнамои расмии Вазорати умури хориҷии кишвар навиштааст, “дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳу абзорҳои мавриди қабули тарафайн барои ҳалли масоили мавҷуда дар фазои таомули созанда ва боэътимод баррасӣ шуданд”.
Дар ҷараёни суҳбат “ҷонибҳо барои фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва иҷрои саривақтии тавофуқҳои ҳосилшуда ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳои мавриди алоқамандии ду кишвари дӯст, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ” ба мувофиқа расидаанд. Изҳори боварӣ шудааст, ки мулоқоти қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш – Алмосбек Отамбоев дар ҳошияи дидори сарони давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе ба густариши муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.