“Низомхон Ҷӯраев ба Қирғизистон фирор кардааст...” (ВИДЕО)
Масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, бино ба иттилое, ки дастраси онҳо шудааст, Низомхон Ҷӯраев -- собиқ вакили Маҷлиси вилоятӣ дар Суғд ва раҳбари корхонаи кимиёи Исфара ба Қирғизистон фирор кардааст. Ба қавли онҳо, ҷои Низомхон дар пайи таҳлили зангҳои телефонии ӯ бо наздиконаш муайян шудааст.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди коррупсия, ки дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, айни ҳол дар робита ба фирори Низомхон Ҷӯраев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, худи ӯ аз тарафи Интерпол – пули байналмилалӣ мавриди ҷустуҷӯст.
ВИДЕОИ суҳбати муфаттишон дар бораи Низомхон Ҷӯраев
Ӯ илова кард, Ҷӯраев қабл аз фирораш дар ҳабс набуд ва танҳо аз рӯи дастхат ҳаққи берун баромадан аз ҷои истиқоматашро надошт: “Ҳаққи боздошташро надоштем, чун ӯ алакай муҳлати ҳабси пешакиро, ки қонун 18 моҳ муқаррар кардааст, паси сар намуд. Аз ҷумла, ҳангоми тафтишот дар боздоштгоҳи Маскав нигоҳдорӣ мешуд. Мо барои ӯ утоқ ҷудо кардем, меомад, парвандаашро, ки аз аз 150 ҷилд иборат аст, меомӯхт. Як рӯз пеш аз оғози мурофиа дар Душанбе буд. Баъди гирифтани даъватнома аз дасти иҷрочиёни суд ғайб задааст.”
Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи Исфара, миёнаи моҳи июни соли ҷорӣ, ҳамон тавре ки аз Русия ба Душанбе омада буд, ба таври мармуз “ғайб зад”. Ӯро, ки бо чанд иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ муттаҳам медонанд, 18 августи соли 2010 дар яке аз минтақаҳои шаҳри Маскав аз сӯи пулиси Русия боздошт гардида буд. Додгоҳи олии Русия дар он замон ба қароре омада буд, ки ӯро ба ватанаш истирдод кунад. Вале дар пайи эътирозҳои шадиди ҳуқуқшиносон аз ин қарори худ даст кашид. Дар ибтидои соли 2012 Ҷӯраевро аз боздоштгоҳи Зеленогради Русия раҳо намуданд. Вале баъд аз чанд муддати беному нишон гардиданаш нохост дар Тоҷикистон аз худ дарак дод.
Ӯ тариқи телевизионҳои давлатии кишвар гуфта буд, ба Ватан бо хоҳиши худ омадааст, то ба мақомот таслим шавад. Ба гуфтаи Ҷӯраев, гӯиё ӯ аз Русия тариқи қаламрави Қазоқистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон омадааст. Вале ба навиштаи расонаҳои хабарӣ Низомхон Ҷӯраев аз тарафи чанд тан аз ҳамватанони худ рабуда, ба Ватан оварда шудааст.
Баъд аз боздошт ва оғози мурофиаҳои додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раҳбари Ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав моҳи сентябри соли гузашта дубора номи Ҷӯраев дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифт. Оҷонсии зидди фасоди молӣ он вақт бо такя ба нишондоди Низомхон Ҷӯраев эълон кард, ки гӯиё Зайд Саидов дар замони вазири саноат буданаш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ ба зӯрӣ гирифтаву дар иваз пуштибонияшро ваъда додааст. Иттилое, ки баъдан Зайд Саидов воқеияти онро рад карда, дурӯғе беш надонист.