Бордюжа: Муҳим ин ки миёни президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон мухолифат нест
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) мегӯяд, барои ҳалли танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ниёзе барои дахолати ҷониби сеюм намебинаду ин кишварҳо худ қудрати ҳалли ин мушкилашонро доранд.
Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, ки дар ҷараёни размоиши неруҳои кишварҳои узви ин созмон дар Қирғизистон қарор дорад, ба баҳси марзии Душанбею Бишкек дахл карда, гуфтааст, “ҳеч созмон ва ҷониби сеюме дар раванди ҳалли баҳси марзии ин кишварҳо ҳаққи дахолат карданро надоранд, чун он марбут ба равобити дуҷонибаи онҳо аст.”
Бордюжа таъкид кардааст, ки мақомоти тоҷику қирғиз худ метавонанд, дар ин бора ба созиш оянду роҳҳали таниши марзии худро пайдо кунанд: “Муҳим ин аст, ки худи раҳбарони болоии Тоҷикистону Қирғизистон хоҳиши ҳалли ин масъала аз роҳи гуфтугӯро доранду миёни ду ҷониб зиддияте дида намешавад ва фикр намекунам, ниёзе барои дахолати ҷониби сеюм бошад.”
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд.