Оғози тамринҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) дар Эрон
Дар остонаи чемпионати Осиё-2014 тими миллии то 14-солаи Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) нахустин тамринҳои худро дар шаҳри Ҳамадони Эрон баргузор кард.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон якшанбеи 27 июл ҷиҳати иштирок дар нахустин мусобиқоти Осиё миёни футболбозони то 14-сола ба Эрон парвоз кард. Ин сабқат аз 4 то 13 август баргузор мешавад.
Бозигарони навраси тоҷик 28 июл аввалин тамринҳои худро дар шаҳри Ҳамадон анҷом додаанд. Торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, 31 июл футболбозони тоҷик бо дастаи “Илму Адаб”-и Ҳамадон бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.
Мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон дар гуруҳи “В” бо Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд ва Ироқ рақобат мекунад. Дар гуруҳи “А” Эрон, Арабистони Саудӣ, Чин ва Тимори Шарқӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Наврасони тоҷик 5 август бо ҳамсолонашон аз Тайланд ба майдон мебароянд. 7 август бо ироқиҳо ва 9 август бо мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ рақобат хоҳанд кард. Бозиҳо дар ду қисм 30 дақиқаӣ идома мекунад. Ду дастае, ки дар гуруҳ ҷойҳои аввалу дуюмро мегиранд, ба даври ниманиҳоӣ мераванд. Бозиҳои 1/2 финал 11 август ва дидори ниҳойӣ 13 август баргузор мешавад.