Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои СҲШ
Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон душанбеи 28 июл бо ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мулоқот кардааст.
Сироҷидин Аслов Созмони ҳамкории Шанхайро ба оилае ташбеҳ додааст, ки мувофиқи принсипҳои дастгирӣ ва ҳамёрӣ зиндагӣ мекунад. “Сироҷидин Аслов изҳори боварӣ намуд, ки дар рафти ҷаласаи ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои СҲШ ҷонибҳо дар ҳамбастагӣ, инчунин дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ метавонанд ба тамоми ҳадафҳои вогузошташуда бо натиҷаҳои мусбат, ки аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ босазо арзёбӣ хоҳанд гашт, хоҳанд расид”,-хабар медиҳад ВУХ.