Пас аз 2 соат дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода вохӯрии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар чаҳорчӯбаи вохӯрии якуми даври сеюми сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон- 2014 дар минтақаи Осиё бо дастаи мунтахаби Ӯзбакистон шурӯъ мегардад.
Тибқи иттилои расида, ин бозӣ қарор аст дар соати 16 - у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ оғоз шавад. Зимнан, баъд аз зӯҳри дирӯз дар толори меҳмонхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода нишасти матбуотӣ бо ширкати сармураббиёни ҳар ду тими миллӣ сурат пазируфта, оид ба омодагӣ ва ҳолати рӯҳиву ҷисмонии бозигарон сухан рафт.
Ёдрас менамоем, то имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ӯзбакистон байни ҳам 6 вохӯрӣ гузаронидаанд. Тоҷикистон дар ин сабқатҳо як пирӯзӣ ва Ӯзбакистон ду дафъа ғалаба ба даст овардааст, ду бозии дигар мусовӣ анҷом ёфтааст.{jathumbnail off}