Планшети раиси Ашт ва 4 000 сомонии Кумитаи ҷавонон ба Шаҳбол
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар пайи як иқдоми идонаи худ ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози латтукӯбшуда ва маъюби Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ кумаки молӣ кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, ба ин сарбози маъюби Қушӯнҳои сарҳадӣ инчунин аз сӯи Кумитаи ҷавонон барои мутолиа китобҳои гуногун аз ашъори ниёгон ва муосир тақдим шудааст.
Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, низ бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, ҳайати Кумитаи ҷавонон ҳамроҳ бо Фаррухҷон Бойматов - сардухтури вилояти Суғд ва Азимбой Азизов - раиси ноҳияи Ашт субҳи 26 июл ба аёдати писараш омадаанд. Ба гуфтаи Мирзоев, ҳамзамон раиси ноҳияи Ашт ба Шаҳбол як планшет туҳфа кардааст: “Чанде қабл ин ҳайат омада буданд, сипосгузории худро ба эшон, аз ҷумла раиси ноҳияи Ашт ва сардухтури вилоят мерасонам, чун онҳо ҳамеша аз аҳволи мо хабар мегиранду пaайваста аз вазъи Шаҳбол мепурсанд”.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола ин шабу рӯз дар шифохонаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, табобат мегирад. Ӯ сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд буда, ҳамагӣ 9 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Шоми 6 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
Рӯзи 19 июни соли ҷорӣ додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбониро, дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, ӯро нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.