Оташбаси 12-соати Исроил ва ҲАМОС
ҲАМОС ва Исроил дар мавриди оташбаси 12-соата дар навори Ғаза ба мувофиқа расидаанд. Бино ба иттилои расонаҳо, ин оташбас соати 8:00 (ба вақти маҳаллӣ)-и имрӯз 26 июл шурӯъ мешавад.
Би-би-си мегӯяд, ҷонибҳо барои оташбаси 7-рӯза ҳамчунон музокиротро идома хоҳанд дод. Ҳукумати Исроил рӯзи ҷумъа пешниҳоди котиби давлатии ИМА дар бораи оташбас бо ҲАМОС-ро рад карда буд. ҲАМОС низ қаблан эълон кард, то замони бекор нашудани муҳосираи Ғаза тасмими оташбас бо Исроилро нахоҳад гирифт.
Исроил беш аз ду ҳафта мешавад, дар навори Ғаза амалиёти ҳарбӣ мегузаронад. Бино ба хабарҳо, тайи 15 рӯзи ахир дар Ғаза беш аз 800 фаластинӣ ва 32 низомии Исроил кушта шудаанд. СММ мегӯяд, наздики 74 дар сади қурбониёни навори Ғаза занону кӯдаконанд.