Муҳаммадиев барои бозӣ бо мунтахаби Малайзия ду легионерро даъват кардааст
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон ному насаби футболбозонеро, ки барои омодагӣ ба бозии дӯстона бо Малайзия даъват мешаванд, эълон кардааст.
Дар рӯйхати тартибдодаи Муҳаммадиев 23 бозигар аст, ки миёнашон ду легионер Давронҷон Эргашеви 26-сола, ҳимоятгари дастаи “Жетысу”-и Қазоқистон ва Нозим Бобоҷонови 18-сола, нимҳимоятгари “Рубин”-и Қазон низ ҳастанд.
Ҳайати мунтахаби миллӣ:
Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев (“Истиқлол”), Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”).
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев (“Жетысу”, Қазоқистон), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов (“Истиқлол”), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”).
Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Ибрагим Рабимов (“Энергетик”), Амирбек Ҷӯрабоев (“Хайр”), Фаридун Шарипов (ССКА “Помир”), Нозим Бобоҷонов (“Рубин”, Русия).
Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров (“Парвоз”), Дилшод Восиев, Комил Саидов, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Аҳтам Ҳамроқулов.
Бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Малайзия ҷумъаи 8 август дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ: 18.00.