Нигаронии СММ аз шароити бади рушди инсонӣ дар Тоҷикистон
Созмони Милали Муттаҳид бо пахши як гузориш шароити рушди инсониро дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ кардааст.
Дар гузориши СММ, ки зери унвони “Рушди инсонӣ дар соли 2014” нашр шудааст, дастрасии аҳолии кишварҳои ҷаҳон ба маориф, тандурустӣ, ҳаёти сазовори иқтисодию иҷтимоӣ баҳогузорӣ шудааст.
СММ Тоҷикистонро дар зинаи 133-юм қарор додааст, ки пасттарин нишондод дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Черногория ва Белорусия аз миёни кишварҳои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ беҳтарин нишондодро ба даст оварда, дар зинаи 51-у 53 қарор гирифтаанд.
Гузоришгарон таъкид мекунанд, ки дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мушкилоти ҷиддӣ, аз қабили осебпазирӣ аз офатҳои табиӣ, бекорӣ, беҳуқуқии муҳоҷирон ва ғайра ҷой дорад. Онҳо ба ҳукуматҳои минтақа тавсия додаанд, ки талошҳоро дар самти ҳимояи ҳамаҷонибаи шаҳрвандонашон густариш диҳанд.