Боздошти зани 26-сола бо иттиҳоми фурӯхтани кӯдаки навзодаш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани як зан хабар медиҳад, ки дар фурӯши тифли навзод муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои торнамои ВУД, О.Ҳ-и 26-сола, сокини шаҳри Турсунзода, ки қаблан доғи судӣ доштааст, дар таваллудхонаи шаҳри Душанбе духтарча таваллуд карда, бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамшираи шафқат - Р.Б., истиқоматкунандаи ноҳияи Ваҳдат, онро бар ивази 200 доллару 150 сомонӣ ба Х.С., сокини ноҳияи Ваҳдат мефурӯшад.
“Х.С. бошад, тифли навзодро ба ҷиянаш Ш.Н., соли таваллудаш 1991 барои нигоҳубин додааст. Ҳамшираи шафқат Р.Б. маълумотнома дар бораи таваллуди тифли навзодро ғайриқонунӣ гирифтааст, яъне гуиё О.Х.-ро шаҳрванд Ш.Н. таваллуд кардааст”,-меафзояд манбаъ.
Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.