Даъвати Эрон ба ҳимояи Фаластин: Нерӯи мусалмонҳоро нишон медиҳем
Вазорати умури хориҷии Эрон бо пахши баёнияе аз пайравони дини мубини Ислом дар саросари дунё даъват кардааст, дар ҷашни Рӯзи Қудс иштирок кунанд.
Дар ин баёния омадааст, “Рӯзи ҷаҳонии Қудс фурсате барои намоиши қудрати пайравони дини мубини Ислом ва ҳимоят аз ормонҳои сокинони мазлуми Фаластин мебошад.”
Вазорати умури хориҷии Эрон таъкид кардааст, ки кишвараш озодии тамоми манотиқи ишғолшуда, аз ҷумла Қудс, бозгашти тамоми оворагон ба сарзамини худ, раҳоии фаластиниён аз банди Исроил, баргузории интихоботи шаффофу озод бо ҳузури кулли сокинони Фаластинро роҳҳали ягонаи расидан ба сулҳи воқеӣ медонад.
Рӯзи ҷаҳонии Қудс ҳамасола ҷумъаи ахири моҳи шарифи Рамазон таҷлил шуда, асосгузори ин ҷашн Руҳулло Мусавӣ Ҳумайнӣ - раҳбари инқилоби исломии Эрон мебошад. Баъди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон соли 1979 ин сана ҳамчун рӯзи иттиҳоду якдилӣ бо мардуми Фаластин, ки аз дасти яҳудиён ҷабр мебинанд, ҳамчун рӯзи Қудс эътироф ва таҷлили он бештар миёни шиаҳо расм шудааст.
Даъвати ВУХ-и Эрон барои таҷлили чунин як сана ва ҷашне дар ҳолест, ки тӯли 17 рӯз мешавад, ҳамлаҳои низомии Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин идома дорад. Дар пайи ин ҳамлаҳо ба манотиқи аҳолинишини Ғазза 746 нафар фаластинӣ кушта шуда, 4 ҳазору 500 нафар захм бардоштаанд. Бояд гуфт, мақомоти фаластинӣ аксари қурбониёни худро пиронсолон ва занону кудакон мегӯянд, ки бар асари бомбаборон шудани манозили зисташон аз сӯи неруҳои Исроил ҷон додаанд.
Навори Ғазза дар канори баҳри Миёназамин дар Ховари Миёна ҷойгир буда, аз қисмати ҷанубу ғарб бо Миср ва аз тарафи шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Масоҳати умумии он 360 километри квадратиро ташкил дода, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Беш аз 99 дарсади сокинони навори Ғаззаро мусулмонон ва 1%-и онро ақаллияти масеҳиёни фаластинӣ ташкил медиҳад.