Эрдуғон барои Фаластин аз Обама “рӯй гардонд”
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия изҳор доштааст, ки дигар намехоҳад бо Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико суҳбате дошта бошад.
Расонаҳои ҷаҳонӣ омили асосии ин қарори Эрдуғонро бархурди назарҳо дар мавриди ҳаводиси Ховари Миёна арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла Эрдуғон аз он нороҳат аст, ки ИМА аз Исроил ҳимоят дорад. Қаблан Эрдуғон амалиёти Исроилро алайҳи Фаластин маҳкум карда, онро “терроризм” унвон карда буд.
Далели дигари таниши Эрдуғон бо Обама худдории ИМА аз оғози амалиёти низомӣ дар Сурия арзёбӣ мешавад.