Парлумони Ироқ раисиҷумҳури нави кишварашро интихоб кард
Парлумони Ироқ дар пайи ҷаласаи 6-уми худ билохира тавонист, раисиҷумҳури нави кишварашро интихоб кунад. Бар асоси иттилои расонаҳои хабарии Ироқ, Фуод Маъсум сиёсатмадори курд раисиҷумҳури ин кишвар интихоб шудааст.
Ин ҷаласаи парлумони Ироқ рӯзи 24 июл баргузор шуда, ду нафар - Фуод Маъсум ва Ҳаннон Фатловӣ номзадии худро ба мақоми раисиҷумҳури ин кишвар пешбарӣ карда буданд.
Оқои Маъсум дар даври дуюми раъйгирӣ тавонистааст, аз 269 овоз 211 тои онро ба даст орад. Фуод Маъсум 64 сол дошта, зодаи шаҳри Арбили Ироқ мебошад. Ӯ яке аз раҳбарони Иттиҳоди меҳани Курдистони Ироқ буда, соли 2005 тавассути ин иттиҳод вориди парлумони Ироқ шудааст.
Бар асоси тавофуқоти сиёсӣ дар Ироқ, нахуствазир аз намояндаи аҳли ташайюъ, раиси парлумон аз сунниҳо ва раисиҷумҳур аз курдҳо интихоб хоҳад шуд. Тибқи қонунгузории ин кишвар раисиҷумҳур низ баъд аз як моҳ аз рӯзи нахустин ҷаласаи парлумонӣ интихоб хоҳад шуд. Аввалин ҷаласаи парлумони Ироқ ибтидои моҳи июли соли ҷорӣ баргузор шуда, бидуни натиҷа поён ёфта буд.
Аз ин пештар Салим Ҷабурӣ, сиёсатмадори суннии Ироқ бо ба даст овардани аксари оро раиси нави парлумони ин кишвар интихоб шуда буд. Бар асоси манобеи хабарии ин кишвар, Ҷабурӣ тавонистааст, аз 273 раъй 194 тоашро соҳиб шавад. Ҷабурӣ 43 сол дошта, дар шаҳри Диёлаи Ироқ ба дунё омадааст. Ӯ муовини дабири кулли Ҳизби исломии кишвараш буда, унвони докторӣ дорад. Номзадии ӯ ба ин мақом аз сӯи Шӯрои намояндагон, бузургтарин гурӯҳи намояндагони суннии маҷлис пешниҳод шуда буд.