Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Қонуншиканиеро дар Babilon ошкор накардаем (ВИДЕО)
Абдусамад Раҷабзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти “Babilon-mobile” зери назорати қатъист ва то ҳол қонуншиканиеро аз ҷониби ин ширкат сабт накардаанд.
Раҷабзода имрӯз, 24-уми июл дар ҳузури хабарнигорони хориҷию дохилӣ гуфт, фаъолияти “Babilon-mobile” ҳамчун яке аз ширкатҳои ҳукмфармои соҳаи алоқаи мобилӣ пайваста зери назорат буда, тамоми нархномаҳояш бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа мешаванд: “Тарофаҳои ин ширкат бо назардошти хароҷоти воқеияшон ба тасвиб расонда мешаванд. Натиҷаҳои санҷиши ахири ин ширкатро мавриди омӯзиш қарор додем ва то ҳол чунин ҳолате, ки тарофаҳои худашро ба хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа накардааст ё тарофаҳои тасдиқкардаро риоя накардааст, ошкор накардаем. Омӯзиши натиҷаҳои санҷиш, аз ҷониби мо то ба охир нарасидааст, аммо тибқи хулосаҳое, ки дорем ҳамаи нархномаҳо аз ҷониби ширкати “Babilon-mobile” дар соҳаи алоқаи ҶСМ риоя шуда истодааст”.
ВИДЕОИ 1, ВИДЕОИ 2
Ин дар ҳолест, ки Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, 21 июл дар нишасти матбуотии кумита гуфта буд, ки ҳангоми санҷиши онҳо қонуншиканиҳои зиёдеро аз ҷониби ширкатҳои мобилии кишвар ошкор кардаанд. Аз ҷумла ширкати мобилии Бабилон (Babilon) ба гуфтаи Давлатзода, нархномаҳои таъинкардаи Хадамоти зиддиинҳисории кишварро риоя накардааст.
Раҷабзода бо зикри ин изҳороти роҳбарияти мақомоти андоз таъкид намуд, ки мо низ мехоҳем дақиқ кунем, ки баҳс барои риоя нашудани кадом тарофаҳо сар задааст: “Кӯшиш мекунем, ки ҳам бо ширкати “Babilon-mobile” ва Кумитаи андоз маълумоти заруриро дастрас намуда, ин масъаларо тибқи ваколатҳои худ пайгирӣ намоем.”
Бехабарии раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҳолест, ки роҳбарияти “Бабилон Мобайл” (Babilon-Mobile) изҳороти ахири Нусратулло Давлатзода – раиси Кумитаи андози Тоҷикистонро дар бораи он ки мехоҳанд аз ин ширкат 341 миллион сомонӣ қарзашро биситонанд, беасос донист.
Масъулони Бабилон рӯзи 22 июл бо нашри баёняие гуфтанд, “ин иттилоъ беасос аст, чунки ширкат фаъолияти худро комилан мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ба роҳ мондааст”. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир ширкат барои ҳифзи манфиаҳтҳои худ ба додгоҳ муроҷиат намудааст.
“Ширкат аз чунин даъвою иттилооти роҳбари Кумитаи андоз дар ташвиш аст, чунки Кумита бо ширкатҳои мобилии дигар низ даъвоҳо сари супурдани андоз дорад, аммо оид ба онҳо чизе гуфта нашуд. Чунин маълумот танҳо нисбат ба “Вавилон-Мобайл” паҳн шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Кумита бо ширкат муносибати ғаразнок дорад”,-омадааст дар баёнияи масъулони Бабилон.