“Гузашти идона”-и Кумитаи дин: Масоҷиди баста муваққатан боз шуданд
Кумитаи дин дар вилояти Суғд аз 98 масҷиди панҷвақтаи басташуда қисматеро ба хотири моҳи шарифи Рамазон муваққатан боз намудааст.
Дар ин бора манбаи “Озодагон” аз шўъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Суғд хабар дода, афзуд, фаъолияти аксари ин масоҷиди панҷвақта бинобар саривақт нагузаштан аз қайди Кумита ва нуқсонҳо дар ҳуҷҷатгузорӣ боздошта шудааст: “Феълан бар асоси муроҷиати шаҳрвандони намозхон дар моҳи мубораки Рамазон дари бархе аз масҷидҳоро, аз ҷумла, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод, ба таври муваққат боз намудаем. Вале пас аз хотима ёфтани ин моҳ, фаъолияти ин теъдод масҷид низ то ҳангоми аз қайд гузаштан, муваққатан боздошта мешавад”.
Мусоҳиби мо қайд кард, ки пас аз таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ин масҷидҳо соҳиби иҷозатнома гашта, расман ба кори худ шурўъ карда метавонанд. Ба иттилои расмӣ дар қаламрави вилояти Суғд 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 91 масҷиди ҷомеъ ва 960 масҷиди панҷвақта фаъолият мебаранд.