Миллионерҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд?
The Telegraph рейтинги даҳ шаҳреро тартиб додааст, ки дар онҳо теъдоди зиёди миллионерҳо зиндагӣ мекунанд.
Зинаи 10-уми рейтингро Флоренсия муаррифӣ мекунад. Ба иттилои пажӯҳишгарон, дороиҳои беш аз 2,5 дар сади сокинони ин шаҳр аз як миллион доллар бештар будааст. Ҷои 9-умро Амстердам муаррифӣ мекунад. Аз теъдоди умумии сокинони шаҳр 2,6 дар сад миллионер будаанд. Сингапур (2,8%) дар мақоми 8, Осло (2,9) дар зинаи 7, Лондон (3,39%) дар ҷои 6 ва Франкфурт дар раддаи 5-уманд.
The Telegraph, Ню-Йоркро дар мақоми чорум нишондааст. Гуфта мешавад, ҳар 20-умин шаҳрванди он миллионер мебошад. Дар Женева бошад, ҳар панҷумин сокин миллион доллар доштааст. Дар ҷои дуюм Тсюрих аст, ки 27 дар сади шаҳрвандонашро миллионерон ташкил медиҳанд. Дар садри рейтинг Монако нишастааст. Он ҷо дороиҳои ҳар сеюмин нафар марзи миллион долларро убур мекардааст.