Пуштибонии 16 ҳомии ҳуқуқ аз Шуҳрат Қудратов
Беш аз 15 созмони ҳомии ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносони тоҷик бо нашри изҳороте аз боздошти Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифои Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии "Тоҷикистони нав" шадидан ибрози нигаронӣ карда, хостори таҳқиқи мунсифонаи қазияи ӯ шудаанд.
Дар изҳороти ин созмонҳо гуфта шудааст, дар Тоҷикистон боздошти вакилони дифое афзоиш ёфтааст, ки парвандаҳои ҷиноятии пурсарусадо ва мавриди таваҷҷуҳи оммаро пеш мебаранд.
"Шуҳрат Қудратов ба сифати вакили дифои афроди маъруф дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон - Ёқуб Салимов ва соҳибкор - Маъруф Охунов низ фаъолият карда, дар додгоҳ Диловаршо Қосимовро ҳимоят кардааст, ки дар куштори Холмӯъмин Сафаров - язнаи президенти кишвар ва раиси Муассисаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" айбдор шудааст. Инчунин ӯ аз манфиатҳои хабаргузории "Азия-Плюс" зимни баррасии парвандаҳои пурсарусадои шаҳрвандӣ намояндагӣ кардааст,"- омадааст, дар изҳороти созмонҳои ҳомии ҳуқуқ.
Ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар кишвар мегӯяд, ин дуюмин вакили мудофеи Зайд Саидов дар ҳоле аз сӯи Оҷонси зидди фасод боздошт шудаааст, ки ҳафтаи қабл Қудратов бо ирсоли номае “ба парлумону ҳукумати давлатҳо, сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон” аз мавриди таъқиб қарор гирифтани адвокатҳои Зайд Саидов, аз ҷумла худи ӯ хабар дода буд.
Дар идомаи изҳорот аз мақомоти давлатии Тоҷикистон даъват шудааст, ки шаффофияти баррасии парвандаҳои ду вакили боздоштшудаи Зайд Саидов – Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров, ки дуюмӣ ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда буд, таъмин карда шавад:
- Тафтиши воқеъбинона ва беғаразонаи парвандаҳои Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров таъмин карда шавад ва баррасии ин парвандаҳо ба фаъолияти касбии онҳо, аз ҷумла, иштирокашон ба ҳайси ҳимоятгар дар парвандаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ тавъам дониста нашавад;
- Меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон риоя шуда, таҷрибаи таъқибу фишори адвокатҳо барои фаъолияти касбии онҳо хотима ёбад;
- Мақомоти давлатӣ аз дахолати мустақим ва ё бавосита ба фаъолияти адвокатҳо худдорӣ варзанд, аз ҳама гуна саркӯбсозии онҳо даст кашанд;
- Вақте адвокат дастгир ё ҳабс мешавад, иттилоотонии фаврии иттиҳодияи дахлдори ҳуқуқшиносон ва ҷомеа оид ба сабабҳои чунин амал зарур аст, ҳамчунин дастрасии бидуни таъхир ба ҳимоятгар бояд таъмин карда шавад ва уҳдадориҳои дигари давлат, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд, бояд татбиқ гарданд.
Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июли соли ҷорӣ ба иттиҳоми пешниҳоди пора ба як додраси Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт гардид. Мақомоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар кишвар дар шарҳи расмии ҳодиса гуфтанд, гӯиё Қудратов барои ҳалли мусбати қазияи додгоҳии нафари таҳти ҳимояташ ба додрас Шерзод Низомов дуним ҳазор доллар пул пешниҳод кардааст. Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло алайҳи Шӯҳрат Қудратов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтиши он идома дорад.