Вазири энергетика: Мехоҳанд, ки садди Роғунро 290 метр созем
Алишер ЗАРИФӢ
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” баъди нашри хулосаи ниҳоии Бонки ҷаҳонӣ ва кишварҳои поёноб дар нимаи моҳи август рӯшан хоҳад шуд.
Усмонзода рӯзи 23-юми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, хулосаи Тоҷикистон дар бораи Роғун омода аст ва хулосаи дигар кишварҳои минтақаро интизоранд: “Дар нишасти Алмаато баъди пешниҳоди хулосаи Бонки ҷаҳонӣ коршиносон маслиҳат доданд, ки баландии сарбанди “Роғун” ба 290 метр баробар бошад. Дар ин нишаст суолҳо зиёд шудаанд, гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ ба хулосае омада, ки то 29 июл саволу пешниҳодҳои дигар кишварҳоро ҷамъ намуда, дар асоси чунин саволу пешниҳодҳо хулосаи охиринро миёнаҳои моҳи август барорад”.
Вазири энергетика ва захираҳои об гуфт, Тоҷикистон тасмимашро дар хусуси сохтмони “Роғун” пас аз хулосаҳои кишварҳои поёноб мегирад: “Агар 20 соли дигар беоб монем ғами моро касе намехӯрад. Масъалаи сохтмони Роғунро дастгирӣ кардан лозим аст”.
“Агар Узбакистон боз не гӯяд...”
Усмоналӣ Усмонзода дар посух ба суоли хабарнигорон, ки агар ҳама кишварҳои минтақа розӣ шаванду Узбакистон мухолиф монад, Тоҷикистон чӣ кор мекунад, посух дод, ки ”ҳоло мо ба ин суол ҷавоб дода наметавонем, оянда маълум мешавад. Бисёриҳо хавотиранд, ки Тоҷикистон обро ҷамъ мекунаду ба кишварҳои поёноб намедиҳад. Лекин дар ҳама ҳисоботе, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ омода карда шудааст, омадааст, ки обанбори “Роғун” дар давоми 16 сол пур карда мешавад ва дар як сол 0,8 километри мукааб об аз ҳиссаи Тоҷикистон гирифта мешавад”. Роғун бо садди баландияш 335 метр дар 100 километрии Душанбе бунёд шуда, дар он насби 6 агрегати 600 киловаттӣ дар назар аст.
“CASA-1000 дар Тоҷикистон 313 миллион доллар мехоҳад...”
Вазири энергетика дар марвиди сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 афзуд, ки барои сохтмони зеристгоҳи қисмати тоҷикистонии он 313 миллион доллари ИМА лозим буда, ҳоло сармоягузориҳо дар ин қисмат идома дорад: “Барои сохтмони қисмати тоҷикистонии CASA-1000 Бонки ҷаҳонӣ 45 миллион, ҳукумати кишвар 15 миллион, ташкилоти USAID 7,5 миллион доллар ҷудо намудаанд. Бонки Исломӣ, фонди Қувайт низ хоҳиши маблағузорӣ доранд. Қисмати афғонистгниии ин лоиҳаро Бонки ҷаҳонӣ пурра бар дӯш гирифтааст, қисмати Покистонро худи ин кишвар”.
CASA-1000 ин тарҳи минтақавӣ ба ҳисоб меравад, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро таъмин хоҳад кард. Ба қавли мақомот ояндаи наздик бояд кашидани ин хат оғоз ёфта, то соли 2017 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
“Ба хориҷ барқи зиёдатӣ мефурӯшем...”
Усмонзода инчунин масъалаи содироти нерӯи барқро ба хориҷи кишвар матраҳ намуда, гуфт, айни ҳол дар як шабонарӯз 6,5 то 7 миллион киловатт нерӯи барқ ба ҳамсоякишварҳо-Афғонистону Қирғизистон содир мекунанд: “Дар чанд соли ахир ин бори аввал аст, ки Тоҷикистон содироти барқро ба 7 миллион киловатт расонидааст. Ҳар як киловатт нерӯи барқи Тоҷикистон ба Қирғизистон бо арзиши 2 сент ва ба Афғонистон 3,7 сентӣ фурӯхта мешавад. Ин барқест, ки дар фасли тобистон ба мо лозим нест”.
Вазир иброз дошт, ки ба он хотир барқро ба Қирғизистон нисбати Афғонистон арзонтар мефурӯшанд, ки ҷониби Қирғизистон тирамоҳи соли гузашта дар таъмини шимоли кишвар бо барқ кӯмак карда буд: “Дар 6 моҳи соли равон 500 миллион киловат нерӯи барқ ба берун аз Тоҷикистон интиқол шудааст. Бубинед дар тобистон имкони истеҳсоли зиёди барқро дорем, вале истифодабарнда надорем, вале дар зимистон ҳолат баръкс мешавад. Барои захира намудани об ва дар фасли зимистон истифода бурдани он феълан мушкили норасоии обанборҳо вуҷуд дорад.”
Усмонзода инчунин дар бораи эҳтимоли сохтмони нерӯгоҳҳои нав дар Тоҷикистон аз ҷониби Эрон суҳбат карда, афзуд, ки ин кор баъди нуқтагузорӣ дар бунёди “Сангтӯда 2” дар назар аст: “Моҳи сентябри соли равон ҷамъбасти сохмони ин нерӯгоҳ дар ҳузури роҳбарони ду кишвар-Эрону Тоҷикистон дар назар аст ва баъди ин ширкатҳои Эрон масъалаи сохтмони дигар нерӯгоҳҳоро мебинанд.”