Таъхири эълони ҳукми Адолатов дар додгоҳи Ванҷ
Эълони ҳукми додгоҳ алайҳи Саодатшо Адолатов, раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Бадахшон, ки ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ чаҳор моҳи қабл боздошт шуда буд, дубора ба таъвиқ афтодааст.
Пайвандони Адолатов рӯзи 24 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, эълони ҳукми раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон ба далели ҳозир нашудани шоҳиде ба таъхир гузошта шудааст. Онҳо мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, додгоҳ ҳукми худ алайҳи Адолатовро кай эълон мекунад, дар ҳоле ки қарор буд, зуҳри 22 июл хонда шавад.
Гуфта мешавад, бори сеюм аст, мурофиаи додгоҳии раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон ба таъвиқ меафтад ва аз сӯи дигар дар ҳолест, ки дар мурофиаҳои гузашта гуруҳи зиёди сокинон дар назди дари додгоҳ ҷамъ омада буданд. Як сокини ноҳияи Ванҷ бидуни бурдани номаш дар суҳбат бо "Озодагон" сабаби ба таъхир афтодани эълони ҳукми Адолатовро таҷамуи зиёди сокинон дар назди бинои додгоҳ хонда, гуфт, ба эҳтимоли зиёд шояд, имрӯз 24 июл хонда шавад, чун мардум ба хотири ба вақти номаълум гузошта шудани мурофиаи навбатӣ ба хонаҳои худ баргаштаанд
Раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон рӯзи 15 апрели соли ҷорӣ ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ миёни сокинон аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буд. Боздошти Саодатшо Адолатов дар ҳоле сурат гирифта, ки бист рӯз пеш дар нашрияи расмии ҳукумати вилояти Бадахшон ва рӯзи 5 апрел дар "Ҷумҳурият" бо имзои И.Мироҳаниев дар бораи ӯ мақолаи интиқодомезе ба нашр расида буд.
Муаллиф ва 810 нафаре, ки гӯиё зери ин матлаб имзо гузоштаанд, Адолатовро барои бунёдӣ кардани ақидаҳои асримиёнагӣ ва ҳамнишиниаш бо Ҷумъаи Намангонӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ муттаҳам кардаанд. "Ин шахс маломати ҳамроҳӣ бо Ҷумъабойи Намангонӣ - аҷнабии тоҷиккушро дошта, дар солҳои 1995-96 дар шаҳри Кобули Афғонистон дар ситоди Ҳаракати исломии Узбакистон ёру ёвари ин гурӯҳи қаттол будааст",-навишта шудааст дар матлаб.
Адолатов моҳи августи соли гузашта раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон интихоб шуда, дар ин мақом Муслима Броимшоеваро иваз карда буд. То нооромиҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ин мақомро марҳум Сабзалӣ Ризоев бар ӯҳда дошт.