Абдусамад Раҷабзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” нархи барқ бояд на танҳо ба фоиз балки ба маротиб бояд қимат шавад.
Ӯ аз 15 дарсад афзудани нархи барқ дар Тоҷикистон ҳимоят карда, афзуд, ки он бо дархости “Барқи тоҷик” сурат гирифтааст: “Гуруҳи корӣ аз ҳисоби ҳамаи ниҳодҳои дахлдори давлатӣ масъаларо омӯхта, ба қароре омаданд, ки нархномаҳои барқ 20 дарсад боло бурда шаванд. Аммо мо бо назардошти вазъи истеъмолкунандагон ва дигар омилҳо пешниҳод кардем, ки нархҳо 15 дарсад боло бардошта шаванд.”
Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ илова намуд, ки “Барқи тоҷик” ваколати баргардондани садҳои миллион доллар қарзи хориҷиро ба уҳда дорад, аммо дар ҳоли ҳозир дар вазъияти бади молӣ қарор дорад: “Барқро ба хотири беҳбуди вазъи молии ширкат боло бардоштем.”
Сар аз 1-уми июл нархи барқ дар Тоҷикистон 15 дарсад боло рафта, ҳар киловати он ба мардум ба ивази 12,6 дирам фурӯхта мешавад.
ВИДЕОИ суҳбати Раҷабзода дар бораи нархи барқ