Маврид ба ёдоварист, субҳи имрӯз (5-уми сентябр) Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими ба истифодадиҳии чархаи аввали нерӯгоҳи обии «Сангтӯда-2» ширкат ва суханронӣ карданд. Иқтидори «Сангтӯда-2» 220 мегаватро ташкил дода, рӯйи рӯдхонаи Вахш бунёд мешавад. Барои амалӣ намудани тарҳи мазкур Эрон 180 миллион ва Тоҷикистон 40 миллион сомонӣ ҷудо карда, дар маҷмӯъ 220 миллион доллар масраф мешавад. Аҳмадинажод умед кард, ки ба истифода дода шудани нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дастрасии мардуми тоҷикро то охири ҳамин сол ба нерӯи барқ осонтар хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон онро тӯҳфаи хуби идонаи ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Эрон бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти кишвар ба мардуми ин сарзамин унвон кард. {jathumbnail off}