Ба иттилои манбаъ ҷаноби Ҳакимов бар хилофи Қонуни Ҷумурҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» амал намуда ва акнун нисбати вай протоколи маъмурӣ аз рӯи моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Маврид ба ёдоварист, дар соли гузашта низ мақомоти идораи умури дохилии Суғд ҳудуди 30 тан аз муллоҳои ин ноҳияро ба гумони таъсиси мадрасаи хонагӣ ва таълими ғайриқонунии ислом муҷрим шинохта ва нисбати ҳар яки онҳо тибқи қонунгузории кишвар ҷарима таъин намуда буд.
Муҷрим шинохта шудани Ҳакимов Насимҷон дар ҳолест, ки замони Шӯравӣ умдатан ҷавонону наврасон, барои омӯзиши тадриси дини мубини ислом аз муллоҳо ба хонаҳо мерафтанд, вале акнун гирифтани тадриси ислом дар назди муллоҳои берун аз мадрасаҳо манмӯъ аст.