Имтиҳони муҳоҷирон моҳи сентябр шурӯъ мешавад
Сар аз 1 сентябри соли равон муҳоҷирони корӣ имкон доранд, барои дарёфти иҷозатнома ё сертификат дар Русия имтиҳон супоранд. Имтиҳонҳо аз фанҳои забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия дар 385 маркази тестӣ, ки асосан дар пойгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии Русия фаъоланд, қабул мешаванд.
Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия аз 1 январи соли 2015 аз муҳоҷироне, ки дар қаламрави ин кишвар кор кардан мехоҳанд, сертификати супурдани имтиҳонҳоро талаб мекунад. Ин иҷозатномаҳо 5 сол муҳлат хоҳанд дошт.
Бино ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия марзи 1 миллион нафарро убур мекунад.