Сафири Бритониё номи писари навзодашро Манучеҳр гузоштааст
Робин Орд-Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, номи фарзанди навзодашро Манучеҳр гузоштааст. Оқои Смит дар саҳифаи “Твиттер”-аш навишта, ки Манучеҳри ӯ 15 июли соли ҷорӣ дар Порис, маркази Фаронса, ба дунё омадааст.
“Далели он ки чанд муддат дар Твиттер набудам, ин аст, ки Манучеҳр 15 июл ба дунё омад”,-навиштааст Робин Орд-Смит. Сафири Бритониё дар Тоҷикистон хушхабари таваллуди фарзандашро, ки ба ӯ номи форсӣ додааст, рӯзи 20 июл эълон карда, вале дар бораи чаро чунин номгузорӣ шудани писараш чизе нагуфтааст.
Дар ҳамин ҳол, Хосият Амидхонова – корманди дафтари матбуоти сафорати Бритониё дар Душанбе бо тасдиқи хабар гуфт, феълан Робин Орд-Смит дар рухсатист ва моҳи август ба кор бармегардад. Номи сафир моҳи июни соли ҷорӣ, дар пайи сафараш ба Хоруғ ва сангпартоии як гуруҳи сокинон ба бинои сафорати Бритониё дар Душанбе расонаӣ шуд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ҳодисаҳои охири алоқаманд бо сафири Бритониё гуфт, сафари Робин Орд-Смит ба Бадахшон барои он боиси хашми гуруҳи сокинон гаштааст, ки сар задани нооромиҳо дар шаҳри Хоруғро аз хориҷиҳо гумонбар шудаанд.