Аз 9 то 15 сол зиндони 6 шаҳрванди Узбакистон барои узвият дар ҲИУ
Додгоҳи вилояти Қашқадарёи Узбакистон 6 табааи ин кишвар, бо шумули се занро аз 9 то 15 солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, ин афрод дар узвият ба созмони мамнуъшудаи “Ҳаракати исломии Узбакистон” (ҲИУ) муҷрим шинохта шудаанд. Додгоҳ онҳоро тибқи бандҳои 155 (терроризм), 159 (барҳам задани сохти конститутсионӣ), 244 (ташкили созмонҳои динӣ-экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноии Узбакистон айбдор кардааст. Гуфта мешавад, маҳкумшудаҳо чанд маврид ба Русия рафта ва миёни ҳамватанҳои худ “идеяҳои экстремистиро таблиғ кардаанд”.
Узбакистон аз боздошти пайвастаи аъзои ҲИУ хабар медиҳад. Ҳаракати исломии Узбакистон соли 1996 аз ҷониби фаъолони аҳзоби сиёсии дар Узбакистон мамнӯъ таъсис ёфта, ҳоло мақари асосии он Афғонистон гуфта мешавад. Русия, ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҲИУ-ро созмони террористӣ шинохта, фаъолияти онро манъ кардаанд.