ВИДЕО: Снайпери исроилӣ фаластинии бесилоҳро мепаронад
Рӯзномаи The Daily Mail як навореро дарёфт кардааст, ки дар он дида мешавад, чӣ гуна як ҷавони мулкии фаластинӣ, ки пайвандонашро меҷӯяд, ҳадафи снайпери исроилӣ қарор мегирад.
Дар ин видео снайпер дида намешавад, аммо аз тири он ба ҳалокат расидани ҷавон баръало маълум аст. Снайпер ду тир холӣ мекунад, тири аввал ҷавонро маҷруҳ ва тири дуюм ӯро қурбон мекунад. Ин ҷавон танҳо нест, чанд нафари дигар ҳам ӯро ҳамроҳӣ доранд ва аз миёни харобаҳо пайвандонашонро меҷӯянд. Пас аз тири аввал ҳамроҳонаш, аз ӯ мепурсанд, ки оё ҷониби онҳо ҳаракат карда метавонад ё на, аммо ҷавон ҷавоби рад медиҳад. Пас аз чанд лаҳза тири дуюм ӯро ба ҳалокат мерасонад. Гуфта мешавад, ин наворро фаъолони Ҳаракати байналмилалии ҳамрайъии тарафдорони Фаластин бардоштаанд.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои манбаъ, ҳарбиёни исроилӣ рӯзи гузашта дар навори Ғаза 25 аъзои як оила бо шу мули се зани ҳомиларо куштаанд.