Изҳороти ҲНИТ дар бораи боздошти Шӯҳрат Қудратов: “Ба фаъолияти сиёсӣ ва касбияш рабт дорад”
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) боздошти Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов – соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони навро маҳкум карда, онро ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва касбии ӯ рабт додааст. Масъулони ҲНИТ мавзӯи боздошти Қудратов аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молӣ ё коррупсияро дар ҷаласаи рӯзи 22 июл дар қароргоҳи ин ҳизб баррасӣ кардаанд.
“Раҳбарият амали мақомотро маҳкум намуда, онро дорои ангезаи сиёсӣ ва марбут ба фаъолияти сиёсиву касбии ӯ донист”,-гуфт Маҳмудҷон Файзраҳонов, сухангӯи раиси ҲНИТ дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон”.
Инчунин, роҳбарияти ҲНИТ боздошти Шӯҳрат Қудратовро ба ирсоли номаи 21-саҳифагии ӯ дар масъалаи Зайд Саидов ба сафорати кишварҳои хориҷӣ, созмонхои байналмилалӣ, расонаҳо ва ҳукумату парлумони Тоҷикистон алоқаманд донистааст. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи шинохтаи тоҷик, ки тайи бештар аз як сол боз аз ҳуқуқи Зайд Саидов дар додгоҳ ҳимоят мекард, рӯзи 21 июл ба иттиҳоми пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои Душанбе боздошт шуд. Мақомоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, алайҳи Қудратов бар асоси моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтиши он идома дорад.
Маъмурони Оҷонсӣ баъд аз зуҳри 21 июл маҳалли кори Шӯҳрат Қудратов ва манзили ӯро мавриди тафтиш қарор дода, телефону комютери ӯ ва пулҳояшро, ки барои тафтишот зарур будааст, бо худ бурдаанд.
Дар панҷ моҳи охир ин боздошти дувумин вакили мудофеъ аз сӯи Оҷонсии зидди фасоди молӣ ё коррупсия аст, ки аз ҳуқуқи Зайд Саидов ҳимоят мекарданд. Моҳи марти соли ҷорӣ Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони ин соҳибкори зиндонӣ ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон низ ба иттиҳоми қаллобӣ ва гӯиё напардохтани қарзи бонк дастгир шуда, то ҳол дар боздоштгоҳи муваққатист.