'Экспресс' пулро мегирад, вале чаро чек намедиҳад?
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз он шикоят доранд, ки низоми пардохти фаврии пули барқ – ExpressPay ба ҷои осон кардани кори онҳо мушкилашонро дучанд намудааст. Ба гуфтаи онҳо, набудани чек дар банкоматҳо боиси баҳсҳои зиёди муштариён бо нозирони ширкати “Барқи тоҷик” мегардад.
Ином Сафаров, як сокини ноҳияи Синои пойтахт, мегӯяд, худи ӯ баъд аз таблиғу ташвиқ шудани низоми фаврии пардохти пули барқ тавассути банкомат маблағи барқи истифода кардаашро супоридааст, аммо дар иваз натавонистааст, чекро дастрас кунад. Ӯ мегӯяд, “тӯли чанд моҳ аст, ширкати Барқи тоҷик ин низомро таблиғ дорад, албатта, иқдоми хуб асту навбат тақрибан барои пулсупорӣ дида намешавад, аммо ин банкоматҳо чек намедиҳанд. Баъд чӣ тавр нозирони ширкатро мутақоид месозем, ки маблағи барқро супоридаем? Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, нозирони ширкати “Барқи тоҷик” пешниҳоди чекро ҳатмӣ медонанду бидуни он бовар нахоҳанд кард”.
Ба хотири муайян кардани асли қазия мо ба беш аз даҳ банкомати дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Душанбе ҷойгиршуда муроҷиат кардем. Дар назди мағозаи “Сафар”, рӯбарӯи Сирки давлатӣ дуто ингуна банкомат ҳаст, ки дар менюи онҳо ҳамагӣ чанд моҳи қабл навиштае илова шудааст, “Қабули пардохти барқ new фаврӣ”. Тавре мушоҳида шуд, воқеан, ин банкоматҳо аз ироаи чек “сарпечӣ” мекардаанд. Баъзан ҳолатҳое низ рух медиҳад, ки маблағи пардохтнамудаи Шумо барҳадар мераванд. Яъне, ин маблағ ба макони лозимӣ интиқол намеёбад.
Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мо бо рақамҳое, ки дар банкомат навишта шуда буданд, тамос гирифтем. Тавре маълум гашт, ин банкоматҳо ба терминалҳои ЭкспрессПей ва ба ташкилоти қарздиҳии хурд “Авфар” тааллуқ доранд, ки дафтари он дар кӯчаи Сирдарё 5-и шаҳри Хуҷанд мустақар аст.
Дилшод Ниёзов, раҳбари ташкилоти қарзидхии хурд “Авфар” мегӯяд, роҳандозии низоми пардохти фаврии пули барқ бо ташаббуси яке аз мутахассисони ин ташкилот роҳандозӣ шудааст. Ӯ гуфт, “Амонулло Саъдулоев, раҳбари раёсати фурӯши барқи ширкати Барқи тоҷик ахиран изҳор дошт, ки роҳандозии ин низом мизони ҷамъоварии маблағи нерӯи барқро афзоиш додааст.” Аммо оқои Ниёзов дар посух ба суоли камбудҳои банкоматҳо, аз ҷумла набудани чек дар онҳо аз додани шарҳу тафсилот худдорӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, ба Кумитаи андози Тоҷикистон дар бораи гирифтани маълумот оид ба тафтиш шудани фаъолияти терминалҳои пардохти фаврӣ аз сӯи ин ниҳод, ки дар эълонҳои худ сокинонро барои гирифтани чек ҳангоми пардохти ҳаққи хидматрасониҳо даъват мекунад, муроҷиат кардем, аммо мутаассифона талоши чандрӯзаи мо бенатиҷа буд. Ҳарчанд масъулини он ваъда дода буданд, давоми ҳамагӣ чанд соат посух хоҳанд дод.
Шояд роҳандозии низоми пардохти фаврӣ боиси коҳиш ёфтани амалҳои тақаллубкорӣ ва коррупсионӣ дар соҳаи энергетика шавад, аммо ин ки ин иқдом то куҷо шаҳрвандон ва давлатро аз фиреб ҳимоя мекунанд, суоли матраҳ аст. Ё шояд ин боз як роҳи пулро ғайриқонунӣ нақд кардан, роҳи фиреби на танҳо шаҳрвандон, балки давлат аст?
Акмал МАННОНОВ,
барои “Озодагон”