Номи бонувони низомии Руминия ба далели хиромон ва зебоияшон дар садри феҳристи зеботарин занони низомии ҷаҳон қарор гирифтааст. Дар қатори Руминия чанде дигар аз кишварҳои ҷаҳон иҷоза додаанд, то занону духтаронашон дар саффи артиш хидмат ва ҳатто дар ҷангҳо иштирок кунанд. Дар Тоҷикистон занҳо ҳаққи хидмат дар артишро надоранд. Бар асоси қонунҳои кишвар танҳо ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ба сарбозӣ ҷалб мешаванд. Аммо маъракаи ҷалби сарбозон дар кишвар ба сахтӣ мегузарад. Зеро қисме аз ҷавонон барои дарёфти қути лоямут ба Русия сафар кардаанду қисме дигар дар донишгоҳ мехонанд ва гуруҳе ҳам ба далели гӯиё бад будани вазъи артишу муносибати дағалона бо наваскарон аз хидмат сарпечӣ менамоянд.
Ҳарчанд занони рус ба зебоӣ маъруф ҳастанд, аммо ин боис нашудааст, то онҳо ба саффи артиш нараванд. Онҳо дар тӯли таърих нақши муҳимеро дар артиши кишвари худ, бахусус дар ҷанги дуюми ҷаҳон ифо кардаанд.
Занон дар артиши Амрико 14% ё худ ҳудуди 145 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Покистон ягона кишвари исломӣ ба шумор меравад, ки дар он занон ҳаққи шомил шудан ба саффи артишро доранду дар ҷабҳаҳои ҷанг метавонанд, иштирок кунанд. Занони покистонӣ, ки як бахши артиши кишвари худро ташкил медиҳанд, аз соли 1947 ин ҳуқуқро пайдо кардаанд.
Исроил яке аз кишварҳое аст, ки на танҳо барои шомил шудани занон ба саффи артиш иҷоза додааст, балки онҳоро ба ҷанг низ мефиристад. Дар ин кишвар сарбозӣ барои ҳамаи ҷавононе, ки синнашон ба 18 мерасад, ҳатмӣ ва новобаста аз ҷинсият бояд омӯзишҳои низомиро гузаранд.
Солҳои пеш бар асоси қонугузории Ҷумҳурии Чех занон ҳаққи шомил шудан дар саффи артишро надоштанд, аммо баъд аз поёни ҷанги дуюми ҷаҳон, аз ҷумла пас аз ҷудосозии Чехия аз Словакия занон ба арсаи артиш ворид шуданд.
Артиши Лаҳистон 2 ҳазору 500 нерӯи низомии зан дорад, ки дар нерӯҳои ҳавоӣ, дарёӣ ва вижаи артиши ин кишвар ифои хидмат мекунанд.
Занони Бритониё аз соли 1990 вориди артиши ин кишвар шуданд, аммо ҳаққи вуруд ба ҷабҳаҳои ҷанг ва нерӯҳои ҳавоиро надоранд.
Дар Юнон хидмати ҳарбӣ барои мардон иҷборӣ ва барои занон ихтиёрӣ мебошад.
Аз соли 1899 ба ин сӯ, занон дар артиши Австралия хидмат мекунанд. Ҳарчанд дар аввал ба корҳои сода равона мешуданд, мисли парасторӣ ва умури тиббӣ. Аммо пас аз поёни ҷанги дуюми ҷаҳон занони ин кишвар ба саффи нерӯҳои ҳавоӣ ва заминӣ низ роҳ ёфтанд.
Дар акси аввал: Зани руминиягӣ дар либоси низомӣ