Бозии Тоҷикистон – Малайзияро Александр Алиев аз Қазоқистон доварӣ мекунад
Доварии дидори дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия бар дӯши Александр Алиев аз Қазоқистон гузошта шудааст. Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ин мутахассиси 27-соларо ду ҳамватанаш Сергей Васютини 27-сола ва Самат Тергеусизови 28-сола кӯмак хоҳанд кард. Гуфтанист, ин ҳайат дар гузашта бозии дӯстонаи Тоҷикистон-Афғонистон (1:0)-ро доварӣ карда буданд.
Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак довари эҳтиётӣ ва Давлатманд Исломов комисари бозӣ таъин шудаанд.
Бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Малайзия ҷумъаи 8 август дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ: 18.00.