Babilon: “Кумитаи андоз бо ширкат муносибати ғаразнок дорад”
Роҳбарияти ширкати “Бабилон Мобайл” (Babilon-Mobile) изҳороти ахири Нусратулло Давлатзода – раиси Кумитаи андози Тоҷикистонро дар бораи он ки мехоҳанд аз ин ширкат 341 миллион сомонӣ қарзашро биситонанд, беасос донист.
Оқои Давлатзода рӯзи 21 июл дар нишасти хабарияш гуфт, ҳангоми санҷиш қонуншиканиҳои зиёдеро аз ҷониби ширкатҳои мобилии кишвар ошкор кардаанд ва аз Бабилон мисол овард, ки, ба гуфтаи ӯ, нархномаҳои таъинкардаи Хадамоти зиддимонополии кишварро риоя накардааст.
Масъулони Бабилон рӯзи 22 июл бо нашри баёняие гуфтанд, “ин иттилоъ беасос аст, чунки ширкат фаъолияти худро комилан мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ба роҳ мондааст”. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир ширкат барои ҳифзи манфиаҳтҳои худ ба додгоҳ муроҷиат намудааст.
“Ширкат аз чунин даъвою иттилооти роҳбари Кумитаи андоз дар ташвиш аст, чунки Кумита бо ширкатҳои мобилии дигар низ даъвоҳо сари супурдани андоз дорад, аммо оид ба онҳо чизе гуфта нашуд. Чунин маълумот танҳо нисбат ба “Вавилон-Мобайл” паҳн шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Кумита бо ширкат муносибати ғаразнок дорад”,-омадааст дар баёнияи масъулони Бабилон.