Агроинвестбонк, Русия, беқурбшавӣ ва ворид ҳасту содирот – не
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, дар ҷараёни нишасти хабарии 22 июл дар Душанбе аз омилҳои пастшавии қурби сомонӣ, коҳиши содироту вазъи танги “Конт Бонк” ва ба ҳисоби ҳукумат гузаштани 52 дарсади саҳмияҳои “Агроинвестбонк” сухан гуфт.
Ба қавли Ширинов, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба хориҷа 521 миллион долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8 дарсад камтар мебошад. Раиси Бонки Миллӣ коҳиши ҳаҷми содиротро ба кам шудани содироти алюминий ва пахта, ки маҳсулоти аслии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, рабт дорад.
Баръакс, ба гуфтаи Абдуҷаббор Ширинов, воридоти мол ба Тоҷикистон давоми нимсолаи аввал ба 2 миллиарду 372 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 23,5% зиёд мебошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳолат Ширинов иброз дошт, дар маҷмӯъ имсол тавозуни савдо бо нишондоди манфӣ ҷамъбаст гардидааст.
Раиси Бонки Миллӣ дар ин суҳбаташ аз афзоиши ҳаҷми пулҳои захиравӣ дар бонкҳо иттилоъ дода, афзуд, захираи маблағ то ба ин давра 5 миллираду 627 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25% афзудааст. “Дар ин давра барои ташкил ва таъмини босамари гардиши пул вобаста ба талаботи иқтисоди кишвар 1 миллираду 120 миллион сомонӣ пули нақд ба муомилот бароварда шудааст, ки назар ба соли гузашта 73% зиёдтар мебошад”,-афзуд ӯ.
Ҷаноби Ширинов гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қурби сомонӣ дар баробари доллар 3,5% паст шудааст. Ӯ яке аз сабабҳои пастравии асъори миллиро буҳрони Русия ва беқурбшавии рубли ин кишвар номид: “Чун Русия ҳам дар содирот ва ҳам дар воридоти коло яке аз шарикони Тоҷикистон аст, хоҳ-нохоҳ вазъияти ин кишвар ба Тоҷикистон таъсири худро мегузорад.”
Абдуҷаббор Ширинов дар идомаи суҳбаташ ба масъалаи Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ, ки дар Тоҷикистон баъзе аз бонкҳову ширкатҳоро мутааллиқ ба ӯ медонанд, низ дахл кард. Ӯ гуфт, айни ҳол вазъияти “Конт Бонк”-и Занҷонӣ на чандон хуб буда, таҳти таҳримҳое, ки ба Эрон роҳандозӣ шудааст, қарор дорад.
Раиси Бонки Миллӣ дар посух ба саволи хабарнигрон, ки чаро дуздии маблағ дар “Агаринветсбок” ҷой дорад, гуфт, “чунин ҳолатҳо вуҷуд надошта, 52% саҳмияҳои ин бонк аз они ҳукумат аст ва ҳукумат вазъияти ин бонкро дар ҳама ҳолат устувор нигаҳ медорад”.